Тоҳир Муминов аз вазифа барканор карда шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҳир Муминов аз вазифа барканор карда шуд

Сармураббии “Хайр”-и Ваҳдат Тоҳир Муминов аз вазифа барканор карда шуд. Дастаи шаҳри Ваҳдат аз мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон берун афтод. Аз рӯи натиҷаи ду бозии марҳилаи 1/8 финал, “Хайр” аз намояндаи лигаи якуми Тоҷикистон “Саройкамар”-и Панҷ бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб гардид.

Баъд аз анҷоми бозии ҷавобии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо “Саройкамар” президенти клуб Қутбиддин Хайров оиди барканор шудани сармураббии даста Тоҳир Муминов эълон кард.

“Гунаҳкори асосӣ дар бохти имрӯза сармураббӣ Тоҳир Муминов аст. Вай натавонист дастаро ба бозии ҷавобӣ омода кунад. Барои ҳамин ман ӯро ба истеъфо мефиристам. Дастаро акнун Исроил Идиев роҳбарӣ мекунад”, – гуфт президенти клуб дар мусоҳибааш ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон .

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати Тоҷикистон баъд аз 10 давр “Хайр” бо 19 имтиёз зинаи сеюмро ишғол мекунад. Бозии навбатии худро, ки вохӯрии марказии давр маҳсуб меёбад,  “Хайр” бо чемпиони амалкунандаи кишвар “Истиқлол”-и пойтахт мегузаронад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 9 август, соати 17.00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Добавить комментарий