Зиёда аз даҳ ҳазор чиптаи бозии Тоҷикистон – Урдун фурӯхта шудааст – Федерация Футбола Таджикистана

Зиёда аз даҳ ҳазор чиптаи бозии Тоҷикистон – Урдун фурӯхта шудааст

То имрӯз 10 ҳазору 750 чиптаи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Урдун, ки рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, фурӯхта шудааст.

Бо назардошти зиёд будани шумораи мухлисон, тавсия медиҳем, ки ҳарчӣ зудтар чиптаҳоро харидорӣ кунед. Чипатаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Душанбе дастрас карда метавонед. Нархи онҳо аз 20 сомонӣ сар мешавад. Барои маълумоти бештар лутфан ба рақами 917954646 муроҷиат намоед.

Қобили зикр аст, ки вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.

Назари худро бинависед