“Зебонисо” – қаҳрамони дукаратаи лигаи футболи бонувони Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

“Зебонисо” – қаҳрамони дукаратаи лигаи футболи бонувони Тоҷикистон

Дастаи «Зебонисо» -и Душанбе дар бозии даври ниҳоии Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Бохтар”-и Хатлонро бо ҳисоби 3 бар 0 шикаст дода, ғолиби чемпионати имсола гардид.

Бозии марказии даври ҳаждаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шуд, ки дар он ҷо «Хатлон» -и пойтахт «Зебонисо» -и пойтахтро қабул кард. Барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ футболбозбонувони хатлониро натиҷаи мусовӣ қаноатманд менамуд, аммо ба дастаи “Зебонисо” танҳо ғалаба зарур буд.

Бозии ҳалкунанда бо ғалабаи дастаи пойтахт анҷом ёфт. Дар ҳайати “Зебонисо” Наталя Сотникова, Некӯбахт Худододова ва Нисо Абдуллоева ба задани гол муваффақ шуданд.

Бо шарофати ин пирӯзӣ “Зебонисо” 49 имтиёз ба даст овард ва дар сафи аввали ҷадвали мусобиқаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои занона қарор гирифт. Дастаро ба ин муваффақият сармураббӣ Зебо Гасимова бурд.  Қаблан, “Зебонисо”  дар соли 2018 ғолиби чемпионати кишвар шуда буд.

Медалҳои нуқраи мусобиқаро бо 47 имтиёз футболбозбонувони “Хатлон” соҳиб шуданд. Медалҳои биринҷии мусобиқаи имсоларо дастаи “зебо” аз ноҳияи Дӯстӣ ба даст овард.

Дарвозабони дастаи “Зебонисо” Сайёра Саидова беҳтарин дарвозабон, ҳамлагари “Хатлон” Лайло Ҳалимова, ки дар 18 бозӣ ба задани 78 гол муваффақ  шудаст, беҳтарин ҳамлагарва ниммуҳофизи “Бешкент” Рафина Нормуратова беҳтарин бозингари Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар соли 2020 эътироф шуда, бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи дастандаркорони мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи бонувон. Даври 18-ум

«Хатлон» – «Зебонисо» – 0:3

«Ҳосилот» – «Бешкент» – 0:6

«Панҷшер» – «Чашма» – 1:0

«Зебо» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

«Барқ» – «Равшан» – 0:0

 

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Зебонисо» (Душанбе) 18 16 1 1 171-3 49
2 «Хатлон» (Бохтар) 18 15 2 1 133-8 47
3 «Зебо» (Дӯстӣ) 18 13 3 2 124-12 42
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 18 12 1 5 94-19 37
5 «Бешкент» (Носири Хусрав) 18 9 2 7 67-27 29
6 «Равшан» (Кӯлоб) 18 4 1 13 9-83 13
7 «Барқ» (Норак) 18 3 3 12 7-106 12
8 «Ҳосилот» (Фархор) 18 3 3 12 9-117 12
9 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 18 2 4 12 18-121 10
10 «Чашма» (Шаҳритус) 18 3 0 15 10-152 9

 

Нишонзанҳо: Лайло Ҳалимова («Хатлон») – 78 гол, Мадина Фозилова («Зебо»/«Зебонисо») – 58 голРафина Нормуратова («Бешкент») – 44 гол, Шукронаи Ҷумъахон («Зебо»/«Зебонисо») – 32 гол, Меҳрангез Шарипова («Зебо») – 30 гол.

Назари худро бинависед