Юсуф Рабиев: «Кӯшиш мекунем, ки дар CAFA-2022 беҳтарин ҳунарнамоии худро нишон диҳем» – Федерация Футбола Таджикистана

Юсуф Рабиев: «Кӯшиш мекунем, ки дар CAFA-2022 беҳтарин ҳунарнамоии худро нишон диҳем»

Сармураббии мунтахаби занонаи Тоҷикистон Юсуф Рабиев аз чемпионати нахустини Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона интизориҳои худро баён кард.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи мо бо яккачинҳои Туркманистон (8 июл), Ӯзбекистон (11 июл), Эрон (14 июл) ва Қирғизистон (20 июл) бозӣ мекунад. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

 

Юсуф РАБИЕВ, сармураббии дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон: 

– Чемпионати CAFA мусобиқаи хеле муҳим ва муфид аст. Ҳама дастаҳо чаҳор бозӣ мекунанд ва таҷрибаи бебаҳои бозӣ мегиранд. Бешубҳа, фаворитҳои асосии чемпионат дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон ба шумор мераванд, дастаҳои боқимонда тақрибан дар як сатҳанд. Дастаи мо кӯшиш мекунад, ки дар ҳар вохӯрӣ беҳтарин ҳунарнамоии худро нишон диҳад. Мо аз бозӣ ба бозӣ омода мешавем. Рақиби аввалини мо тими миллии Туркманистон аст. Бозӣ осон нахоҳад буд, аммо мо танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем.

Назари худро бинависед