Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар мунтахаби Тоҷикистонро ба муносибати ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромаданаш табрик кард – Федерация Футбола Таджикистана

Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар мунтахаби Тоҷикистонро ба муносибати ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баромаданаш табрик кард

Вазири варзиш ва ҷавонони Қатар, раиси Кумитаи маҳаллии тадорукоти Ҷоми Осиё-2023, узви Шӯрои ФИФА, узви Кумитаи иҷроияи КФО Шайх Ҳамад Бин Халифа Бин Аҳмад Ал-Танӣ дар шаҳри Доҳа бо тими миллии Тоҷикистон мулоқот кард.

Дар мулоқот, ки дар меҳмонхонаи «Banyan Tree Doha» баргузор шуд, ҳамчунин ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва директори техникии ФФТ Салоҳиддин Ғафуров ширкат доштанд.

Вазири варзиши Қатар бо бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии дастаи мунтахаби Тоҷикистон самимона суҳбат карда, тими моро барои баромадан ба даври баъдии Ҷоми Осиё табрик гуфт ва ба онҳо дар бозии даври 1/8 ниҳоӣ бо яккачини АМА комёбӣ таманно намуд.

Ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва капитани тими миллӣ Аҳтам Назаров дар навбати худ ба вазири варзиш ва ҷавонони Қатар барои тамоми шароитҳое, ки барои иштирокчиёни Ҷоми Осиё фароҳам оварда шудааст, изҳори сипос намуданд ва афзуданд, ки мусобиқот дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷараён дорад.

Аз номи мунтахаби Тоҷикистон ба раиси Кумитаи маҳаллии тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 пироҳани тими миллии кишвар таҳти рақами 8 тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед