Варзишгоҳи «Истаравшан»-ро аз ҳуқуқи мизбонии як бозӣ маҳрум карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Варзишгоҳи «Истаравшан»-ро аз ҳуқуқи мизбонии як бозӣ маҳрум карданд

6 июл дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ ва интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуданд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ (партофтани ҳар гуна ашё аз ҷониби мухлисон) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Истаравшан» – «Хуҷанд» (5 июл) ифода меёбад, варзишгоҳи хонагии дастаи «Истаравшан» аз ҳуқуқи мизбонии як бозӣ маҳрум карда шуд. Вохӯрии навбатии хонагии худро тибқи тақвим дастаи асосии «Истаравшан» муваззаф аст, дар варзишгоҳи бетараф, ки ба меъёрҳои ЛФТ барои дастаҳои лигаи олӣ ҷавобгӯ аст, доир кунад. Илова бар ин, дастаи «Истаравшан» ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 1-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар рафтори ғайриахлоқӣ, нодуруст, ғайриварзишӣ пас аз анҷоми Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Истаравшан» – «Хуҷанд» (5 июл) ифода ёфтааст, сармураббии дастаи «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев аз 2 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гуфтани суханҳои таҳқиромез, қабеҳ, имову ишораҳо нисбати рақиб пас аз анҷоми бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Истаравшан» – «Хуҷанд» (5 июл) ифода шудааст, бозигари дастаи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев аз ҳаққи ширкат дар 1 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима гардид.

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа (набудани мошини ёрии таъҷилӣ) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои КМВА – «Файзканд» (4 июл) ифода ёфтааст, КМВА дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гуфтани суханони қабеҳ нисбат ба доварон дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Истаравшан» – «Хуҷанд» (4 июл) ифода ёфтааст, бозигари тими «Хуҷанд» Парвиз Изатшоев аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум карда шуд.

– Барои риоя накардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар гуфтани суханони қабеҳ нисбат ба доварон дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Истаравшан» – «Хуҷанд» (4 июл) ба амал омадааст, бозигари тими «Истаравшан» Шерзод Шукуров аз ҳаққи ба майдон баромадан дар 2 бозӣ маҳрум шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар вайронкунии ҷиддии қоидаҳои бозӣ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Сарҳадчӣ» – «Барқчӣ» (4 июл) ифода ёфтааст, футболбози тими «Сарҳадчӣ» Алишер Нозимзода аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқот дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Ҳулбук» – «Ҳосилот» (2 июл) ифода ёфтааст, тими «Ҳосилот» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои риоя накардани моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Ҳулбук» – «Ҳосилот» (2 июл) ифода ёфтааст, тими «Ҳулбук» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Назари худро бинависед