Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати «Персеполис» қаҳрамони Эрон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати «Персеполис» қаҳрамони Эрон шуд

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати бошгоҳи футболи «Персеполис» қаҳрамони Эрон шуд.

Дар даври ниҳоии чемпионати Эрон «Персеполис» дар меҳмонӣ бар «Нассоҷии Мозандарон» (4:0) пирӯз шуд. «Персеполис» дар 30 бозӣ бо 66 имтиёз ғолиби чемпионат гардид. Бозигарони «Сипоҳон» соҳиби медалҳои нуқра (65 хол) ва дастаи «Истиқлол» (62 имтиёз) барандаи нишони биринҷӣ гардиданд.

Дар мавсими хотимаёфта ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дар ҳайати дастаи «Персеполис» дар чемпионати Эрон ҳамагӣ даҳ бозӣ анҷом дода, як гол ва як партофти головарро ба номаш сабт намудааст.

Назари худро бинависед