Қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020

Рӯзи чоршанбеи 15-уми июл, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми кишвар бо ширкати намояндагони даҳ дастаи лигаи олӣ ва шаш дастаи лигаи аввал баргузор шуд.

Бар асоси қуръакашӣ дар 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон «Равшан» (Кӯлоб) бо «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истиқлол» (Душанбе) бо «Моҳир» (Ёвон), «Барқчӣ» (Ҳисор) бо «Локомотив-Помир» (Душанбе), «Душанбе-83» (Душанбе) бо «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Равшан» (Зафаробод) бо «Эсхата» (Хуҷанд), «Файзканд» (Восеъ) бо «Хатлон» (Бохтар), «Истаравшан» (Истаравшан) бо КМВА (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) бо «Кӯктош» (Рӯдакӣ) рақобат мекунанд. Баргузории бозиҳои даври ҳаштякниҳоӣ рӯзҳои 1-3-юми август ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки имсол андозаи мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Агар солҳои қаблӣ дар ҳар марҳила дастаҳо ду бозӣ (дар хона ва меҳмонӣ) анҷом медоданд, дар мавсими соли 2020 ҳар як марҳила (муқаддамотӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финал) аз як бозӣ иборат аст. Мизбони бозӣ бар асоси ҷадвал муайян хоҳад шуд.

Ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба ҳақққи ширкат дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 мушарраф мешавад. Дар мавриди қаҳрамони кишвар ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудани як даста, Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2021 ҷоизадори медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

 

Натоиҷи қуръакашии 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон-2020

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе)

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд)

«Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)

«Истаравшан» (Истаравшан) – ССКА (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

Назари худро бинависед