Умарҷон Шарипов ба Суперлигаи Узбекистон рафт – Федерация Футбола Таджикистана

Умарҷон Шарипов ба Суперлигаи Узбекистон рафт

Капитани дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Умарҷон Шарипов бо дастаи “Турон”-и шаҳри Яйпани вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон, расман шартнома баст.

Шартномаи ӯ бо тими «Турон» муддати як солро дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки дастаи нави Умарҷон Шарипов мавсими имсола чемпиони Про-лигаи Узбекистон гардида, соли оянда дар Суперлигаи ин кишвар баромад мекунад.

 

Назари худро бинависед