То оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар Душанбе шаш рӯз боқӣ монд – Федерация Футбола Таджикистана

То оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар Душанбе шаш рӯз боқӣ монд

6 сентябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад.

Дастаҳои олимпии Тоҷикистон, Австралия ва Лаос барои роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё мубориза мебаранд.

Дар даври аввал 6 сентябр тимҳои миллии Лаос ва Австралия вомехӯранд. Дар даври дуюм 9 сентябр тими олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Лаос бозӣ мекунад. Ва дар даври ниҳоӣ 12 сентябр тимҳои Тоҷикистон ва Австралия бозӣ хоҳанд кард. Ҳамаи вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мегарданд. Арзиши чиптаи категорияи якум 50 сомонӣ ва категорияи дуюм бошад, 20 сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 даста, ки бо натиҷаи беҳтарин дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

♦️ Гурӯҳи «I»

Даври 1

📅 6 сентябр (чоршанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

🇱🇦 Лаос – 🇦🇺 Австралия

 

Даври 2

📅 9 сентябр (шанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇱🇦 Лаос

 

Даври 3

📅 12 сентябр (сешанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

🇦🇺 Австралия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

 

Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед