Имрӯз, 30 апрел Конфедератсияи футболи Осиё мизбонони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни ҷавонони то 23-соларо эълон кард.
Бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) дар ёздаҳ кишвар: Тоҷикистон, Камбоҷа, Чин, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Мянмар, Қатар, Тайланд, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ветнам баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 (U-23) 44 даста ширкат мекунад. Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ёздаҳ гурӯҳ ташкил карда мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чаҳор дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 9 сентябри соли равон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳ 29 май муайян мешаванд.