Пеш аз оғози бозии даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F” байни дастаҳои “Хуҷанд” (Тоҷикистон) ва “Олой” (Қирғизистон) капитани дастаи “Хуҷанд” Дилшод Бозоров ба апитани дастаи меҳмон Алмосбек Маликов тӯби хотиравиро бо навиштаҷоти «Тоҷикистон – Қирғизистон: поянда бод дӯстии халқҳо!» тӯҳфа намуд.
Бозӣ рӯзи 20-уми май, соати 21:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ҳузури 4300 тамошобин сурат гирифта, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи футболбозони “Хуҷанд” анҷом шуд. Голҳои “Хуҷанд”-ро Дилшод Бозоров ва Абдулмӯъмин Забиров зададнд.