Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 бо Афғонистон, Узбекистон ва Непал бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 бо Афғонистон, Узбекистон ва Непал бозӣ мекунад

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 муайян шуданд. Футзалбозони мо дар ин марҳилаи мусобиқа бо мунтахабҳои футзали Афғонистон, Узбекистон ва Непал бозӣ мекунанд. Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-202 аз 10 то 12 апрел дар Бишкеки Қирғизистон баргузор хоҳад шуд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи ягонашудаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» қарор гирифт. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ  тимҳои миллии футзали Узбекистон, Афғонистон ва Непал мебошанд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив баромад мекунанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи маҷомҳои аввал ба  марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

 

Марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022

Минтақаҳои Марказӣ ва Ҷанубӣ

Гурӯҳи «А»: Эрон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдив. 

Гурӯҳи «В»: Узбекистон, ТОҶИКИСТОН, Афғонистон, Непал.

Назари худро бинависед