Тими миллии Тоҷикистон: тамринҳои охирин пеш аз бозии дӯстона бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон: тамринҳои охирин пеш аз бозии дӯстона бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуданд

Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт тамринҳои охиринро пеш аз бозии дӯстона бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дод.

Машқҳои пеш аз бозии дастаи мо дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Даби баргузор шуда, расо як соат давом карданд. Ҳимоятгарон Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров ба тамринҳои гурӯҳи умумӣ пайвастанд. Ҳимоятгари марказӣ Ваҳдат Ҳанонов, ки дар бошгоҳи худаш «Персеполис»-и Эрон ҷароҳат бардошта буд, барқарор шуда натавонист ва дар бозиҳои дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ширкат намекунад.

Бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон пагоҳ, 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Даби баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 25 март (шанбе)

🕰 Оғоз – соати 23:00 ба вақти Душанбе

🇦🇪 АМА – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Абу-Даби, варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»

Назари худро бинависед