Тими миллии Тоҷикистон: рӯзи дуюми омодагӣ дар Дубай – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон: рӯзи дуюми омодагӣ дар Дубай

Тими миллии Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев дар ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Дубай тамрини дуюми худро гузаронд.

Дар ҷараёни тамрин, ки дар майдони захираи бошгоҳи футболи “Шубоб Ал-Аҳлӣ” сурат гирифт, ҳамаи 22 бозингари дар қароргоҳи тими миллӣ қарордошта, ширкат карданд.

Беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов, ки дар тамрини пеш аз бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ (0:0) дар Басра осеби сабук бардошта буд, аз рӯи барномаи инфиродӣ тамрин намуд.

Пагоҳ, 28 май, ҳамаи аъзои ҳайати тими миллии Тоҷикистон аз озмоиши коронавирус мегузаранд ва шом даста машқҳои ниҳоии пеш аз бозии дӯстона бо тими миллии Таиландро баргузор мекунад.

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Тоҷикистон рӯзи шанбеи 29 май дар варзишгоҳи Холид бин Муҳаммад дар Шарҷа баргузор мешавад. Оғозӣ вохӯрӣ соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (21:45 Душанбе) нақшагузорӣ шудааст. Рафти бозӣ пӯшида буда, дар ҳеҷ кадоме аз шабакаҳои телевизионӣ мустақиман намоиш дода намешавад.

Назари худро бинависед