Тими миллии Тоҷикистон: омодагиҳо ба бозии дӯстона бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон: омодагиҳо ба бозии дӯстона бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагии худро ба бозии дӯстона бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб идома медиҳад. 

Имрӯз, 23 март дастаи мо таҳти роҳбарии Петр Сегрт дар Абу-Даби якуним соат ба машқ машғул буд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов, Алиҷон Кароматуллозода ва Далер Имомназаров аз рӯйи барномаи инфиродӣ кор карданд ва ширкати онҳо дар бозии оянда зери суол аст.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстонаи Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Даби баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 25 март (шанбе)

🕰 Оғоз – соати 23:00 ба вақти Душанбе

🇦🇪 АМА – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Абу-Даби, варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»

Назари худро бинависед