Тими миллии Тоҷикистон моҳи июн дар аввалин чемпионати CAFA ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон моҳи июн дар аввалин чемпионати CAFA ширкат мекунад

Нахустин чемпионат дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати тимҳои миллии мардона аз 9 то 21 июни соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Шаш созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкати худро дар чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои миллӣ тасдиқ карданд. Дар ин мусобиқа тими миллии Русия низ ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиёро барои ширкат дар мусобиқаи нав даъват мекунад.

Тибқи нақша пас аз натиҷаи қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад, ки дар он бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюми мусобиқа мубориза мебаранд.

Барои дастпарварони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ширкат дар чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Назари худро бинависед