Тими миллии Тоҷикистон дар Душанбе бо мунтахаби Русия мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар Душанбе бо мунтахаби Русия мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Русия, ки 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, мусовӣ кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар бозӣ зиёда аз 20 ҳазор нафар тамошобин иштирок карданд.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН – Россия – 0:0

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алишер Ҷалилов, 57), Шервонӣ Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 90+4), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Каримов Меҳрубон, 90+4), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 77).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Ваҳдат Ҳанонов (Тоҷикистон).

Довари марказӣ: Илгиз Танташев (Ӯзбекистон).

17 ноябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 20 000 тамошобин.

Назари худро бинависед