Тими миллии Тоҷикистон дар Дубай бо ҳайати комил ҷамъ омад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар Дубай бо ҳайати комил ҷамъ омад

Ҳама бозигароне, ки барои ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 даъват шуда буданд, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳ шуданд.

30 май Давронҷон Эргашев («Бунёдкор»-и Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Сурхон»-и Ӯзбекистон), Ваҳдат Ҳанонов ва Манучеҳр Сафаров («Персеполис»-и Эрон) ба даста шомил шуданд. Дар маҷмуъ дар ихтиёри ҳайати тими миллии Тоҷикистон 25 бозигар қарор дорад.

1 июн тими миллии Тоҷикистон дар Дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед