Тими миллии Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бар яккачини Покистон ғалабаи калон ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бар яккачини Покистон ғалабаи калон ба даст овард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 нахустин пирӯзии худро ба даст овард.

Яккачини Тоҷикистон дар бозии дуюми гурӯҳи «G» бар тими миллии Покистон бо ҳисоби 6:1 пирӯзии калон ба даст овард. Голҳои дастаи моро Амадонӣ Камолов (дубл), Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев ба самар расониданд.

Дастаи Тоҷикистон бозии навбатии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар меҳмонӣ бо тими Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Ин дидор 21 марти соли оянда барпо мегардад.

Назари худро бинависед