Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Сурия мағлуб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Сурия мағлуб шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай бо тими миллии Сурия бозии дӯстона анҷом дод. Вохӯрии футболбозон дар сатҳи баробар ҷараён гирифт ва бо пирӯзии суриягиҳо – 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Умар Ал Сума ба самар расонд.

 

Бозии дӯстона

Сурия – ТОҶИКИСТОН – 1:0

Гол: Умар Ал Сума, 16.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов (Муҳриддин Ҳасанов, 78), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Алиҷон Кароматуллозода (Комрон Турсунов, 67), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 67), Эҳсони Панҷшанбе (Шаҳром Сулаймонов, 78), Шервонӣ Мабатшоев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 51), Манучеҳр Ҷалилов (Нуриддин Ҳамроқулов, 67).

Довари марказӣ: Муҳаммад Абдуллоҳ Муҳаммад (АМА).

1 июн. Дубай. Варзишгоҳи «Ал-Авир». 300 тамошобин.

Назари худро бинависед