Тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт!!! – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт!!!

Ниҳоят ин фурсат фаро расид!!! Тими миллии футболи Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт!!! 

Новобаста аз натиҷаи бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Қирғизистон, ки имрӯз, 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳуқуқи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба худ кафолат дод. Қисмати ниҳоии мусобиқот аз 16 июн то 16 июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. 

Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани 18-умин Ҷоми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17 октябр қабул мешавад. 

Тамоми мухлисони футболи тоҷикро ба муносибати баромадани тими миллии Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 табрик мегӯем!!!

Назари худро бинависед