Тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Қатар бо либосҳои сафед бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Қатар бо либосҳои сафед бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қатар бо либосҳои сафед бозӣ мекунад.

Дар арафаи ин бозӣ имрӯз, 16 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Доҳа бо ширкати намояндагони КФО, кумитаи тадорукоти Ҷоми Осиё-2023 ва намояндагони тимҳои миллии Тоҷикистону Қатар ҷаласа баргузор шуд.

Дар маҷлис ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Тими миллии Тоҷикистон, ки мизбони номиналии бозӣ ба ҳисоб меравад, бо либосҳои сафед ҳунарнамоӣ мекунад. Тими миллии Қатар бо либосҳои бургундӣ ба майдон мебарояд. 

Қобили зикр аст, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қатар рӯзи 17 январ дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Доҳа баргузор шуда, соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед