Тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаи Туркманистон омодагӣ дида истодааст – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон барои бозӣ бо дастаи Туркманистон омодагӣ дида истодааст

То бозии аввали тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А»-и Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ мондааст.

Дастаи мо таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт имрӯз дар майдони Академияи «Бунёдкор» тамрини навбатии худро гузаронд. Нимҳимоятгар Хусрав Тоиров, ки бо дастаи «Шахтёр» қаҳрамони Украина шуд, ба ҳайати тими миллии Тошканд шомил шуд ва дар машқҳои бегоҳии даста ширкат кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пагоҳ, 10-уми июн баъди омадани нимҳимоятгари тими ССКА-1948-и София Парвизҷон Умарбоев ба маҳалли ҷойгиршавии даста комил мешавад.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.

 

🏆 «CAFA Nations Cup-2023»

Гурӯҳи «А». Даври 1

📅 11 июн (якшанбе)

Оғоз – соати 18:30

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон

🏟 Тошканд, варзишгоҳи «Пахтакор»

Назари худро бинависед