Тими миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба Тошканд омад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринӣ ба Тошканд омад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт имрӯз, 31 май барои тамринҳои дастаҷамъии даҳрӯза пеш аз мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ба Тошканд омад.

Ба ҳайати ниҳоии тими миллии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкат дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ 26 бозигар – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гардид.

Бояд гуфт, ки дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.

Назари худро бинависед