Тими миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо мунтахаби Сингапур омодагӣ мебинад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона бо мунтахаби Сингапур омодагӣ мебинад

Мунтахаби Тоҷикистон дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур тамринҳои навбатии худро анҷом дод.

Машқҳо дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, беш аз як соат идома карданд. Сармураббии мунтахаби кишвар Петр Сегрт дар ихтиёри худ 19 бозигар дорад.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Сингапур ва Тоҷикистон рӯзи 8 сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 8 сентябр (ҷумъа)

️ Оғоз соати 16:30 ба вақти Душанбе

🇸🇬 Сингапур – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Сингапур, Варзишгоҳи «Бишан»

Назари худро бинависед