Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» муқобили тими миллии Урдун тамринҳоро дар шаҳри Аммон оғоз кард.
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати пурра ҷамъ шуд. Ба даста Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Андиҷон», Ӯзбекистон) ва Фатҳулло Олимзода («Атирау», Қазоқистон) шомил шуданд.
Қобили зикр аст, ки дидори дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон рӯзи 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.