Тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Минск иштирок кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Минск иштирок кард

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба 956-умин солгарди Минск ширкат кард.

Мунтахаби футзали мо дар шаҳри Минск бо қаҳрамони Русия бошгоҳи футзали КПРФ мусовӣ кард (4:4). Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров дубл намуда, Дилшод Саломов ва Комрон Алиев як голии дигар ба самар расониданд.

Дар бозии дигар футзалбозони Тоҷикистон аз тими миллии Беларус бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрданд. Голҳои моро Умед Кузиев ва Бахтиёр Солиев заданд.

Дар натиҷа мунтахаби Беларус бо чор хол ғолиби мусобиқа гардид. Бошгоҳи КПРФ-и Русия медали нуқра ба даст овард. Дастаи Тоҷикистон медалҳои биринҷиро ба гардан овехт.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 7-ум то 11-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Рақибони дастаи футзали Тоҷикистон мунтахабҳои Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) мебошанд.

 

🏆 Мусобикаи байналмилалӣ бахшида ба 956-солагии Минск

♦️ Даври 1

🇧🇾 Мунтахаби Беларус – 🇷🇺 КПРФ (Русия) – 3:3

 

♦️ Даври 2

🇷🇺 КПРФ (Русия) – 🇹🇯 Дастаи Тоҷикистон – 4:4

️ Голҳои Тоҷикистон: Файзалӣ Сардоров (2), Комрон Алиев, Дилшод Саломов.

 

♦️ Даври 3

🇧🇾 Мунтахаби Беларус – 🇹🇯 Мунтахаби Тоҷикистон – 3:2

️ Голҳои Тоҷикистон: Умед Кузиев, Бахтиёр Солиев.

 

Назари худро бинависед