Ташаккур ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷиҳати ҳамкорӣ дар ташкили хатсайри чартерӣ ба Покистон барои тими миллии тоҷикистон! – Федерация Футбола Таджикистана

Ташаккур ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷиҳати ҳамкорӣ дар ташкили хатсайри чартерӣ ба Покистон барои тими миллии тоҷикистон!

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои ҳамкорӣ дар ташкили хатсайри чартерӣ ба Покистон баҳри тими миллии Тоҷикистон изҳори сипос менамояд.

Дар ҷараёни парвоз ба Исломобод ва бозгашт ба Душанбе ширкати «Сомон Эйр» барои яккачини Тоҷикистон шароити мусоиду бароҳат фароҳам овард.

Бояд гуфт, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Покистону Тоҷикистон 21 ноябр дар варзишгоҳи «Ҷинна»-и Исломобод баргузор шуда, бо пирӯзии калони дастаи мо – 6:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати миллипӯшони тоҷик Амадонӣ Камолов муаллифи дубл гардид. Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев як голии дигар заданд.