Тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Суғд рӯзи оммавии футболро ҷашн гирифтанд – Федерация Футбола Таджикистана

Тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои Суғд рӯзи оммавии футболро ҷашн гирифтанд

Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи оммавии футболи Конфедератсияи футболи Осиё – AFC Grassroots Football Day-ро таҷлил карданд.

Бахшида ба ин рӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» фестивали футбол баргузор гардид, ки дар он беш аз 100 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои кӯдакони ятими Хуҷанд, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Истаравшан иштирок намуданд.

Фестивали футбол дар шакли бозиҳои шавқовар сурат гирифт. Баъди ба охир расидани ҷашнвора ба иштирокчиён либосҳои варзишӣ ва тӯб тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед