Тамрини ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Уганда – Федерация Футбола Таджикистана

Тамрини ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Уганда

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш аз бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» тамрини ниҳоии худро бо тими миллии Уганда анҷом дод.

Тамрини пеш аз бозӣ тими миллии кишвар таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар варзишгоҳи «Динамо»-и Намангон сурат гирифт ва расо як соат идома кард. Ҳамлагари дастаи «Мактаарал»-и Қазоқистон Шериддин Бобоев, ки як рӯз пеш захмӣ шуда буд, дар вохӯрӣ бо тими миллии Уганда иштирок намекунад.

Рӯзи ҷумъаи 25 март дар Варзишгоҳи марказии Намангон бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» баргузор мешаванд. Соати 15:30 бозии дастаҳои мунтахаби Уганда ва Тоҷикистон оғоз мешавад. Пас аз ин соати 19:00 ба майдон футболбозони Узбекистон ва Қирғизистон ворид мешаванд.

Тибқи низомнома, агар вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёбад, пас барои муайян кардани ғолиб силсилаи ҷаримаҳои ёздаҳметра таъин карда мешавад.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар даври ниҳоии мусобиқот ва мағлубшудагон дар бозӣ барои ҷойи севум бозӣ хоҳанд кард. Ташкилкунандаи «Ҷоми Наврӯз-2022» Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон мебошад.

Назари худро бинависед