Тамринҳои пеш аз бозии тими миллии Русия дар варзишгоҳи марказии Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Тамринҳои пеш аз бозии тими миллии Русия дар варзишгоҳи марказии Душанбе

Дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон мунтахаби Русия таҳти роҳбарии Валерий Карпин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе тамринҳои расмии худро анҷом дод.

Дар тамринҳо, ки як соат давом кард, химоятгарон Георгий Ҷикиа ва Вячеслав Караваев иштирок накарданд. Онҳо дар бозии дӯстона бо тими миллии Тоҷикистон ширкат намеварзанд.

Имрӯз, 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мегардад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 17 ноябр (панҷшанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед