Тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2023 (U-20) тасдиқ карда шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2023 (U-20) тасдиқ карда шуд

Тақвими бозиҳои чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола нашр шуд.

Мусобиқа аз 21 то 28 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешавад. Панҷ бозӣ дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе ва панҷ вохӯрии дигар дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода сурат мегиранд.

Дар чемпионати CAFA-2023 тими наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов баромад мекунад. Ҳама бозиҳо бо ширкати дастаи мо дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода доир мешаванд.

Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бо ҳам бозӣ мекунад. Тими ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20) 

Иштирокчиён:

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇮🇷 Эрон

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇦🇫 Афғонистон

🇹🇲 Туркманистон

 

⚽️ Даври 1

📅 21 май (якшанбе)

️ 17:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇮🇷 Эрон. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

️ 17:00 – 🇹🇲 Туркманистон – 🇦🇫 Афғонистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

 

⚽️ Даври 2

📅 22 май (душанбе)

️ 17:00 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

️ 17:00 – 🇹🇲 Туркманистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

 

⚽️ Даври 3

📅 24 май (чоршанбе)

️ 17:00 – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

️ 17:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇦🇫 Афғгонистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

 

⚽️ Даври 4

📅 26 май (ҷумъа)

️ 17:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇹🇲 Туркманистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

️ 17:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

⚽️ Даври 5

📅 28 май (якшанбе)

️ 10:30 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

️ 17:00 – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Назари худро бинависед