Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал: ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал: ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор шуд

Дар остонаи бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал байни бошгоҳҳои пойтахт «Соро компания» ва «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷамъомад масъулони вохӯрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 – комиссар, нозири доварон, намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар, инчунин роҳбарони дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» ширкат доштанд.

Дар ҷаласа ранги либоси дастаҳои иштирокчӣ тасдиқ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки бозии Суперҷоми Тоҷикистон байни «Соро компания» ва «Истиқлол» рӯзи 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад. Дар поёни бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 лотереяи варзишӣ гузаронида мешавад. Барои мухлисон туҳфаҳои арзишманд ба бозӣ гузошта мешавад.

Назари худро бинависед