Субҳонаи матбуотӣ бо иштироки Петр Сегрт, Аҳтам Назаров ва Рустам Ятимов – Федерация Футбола Таджикистана

Субҳонаи матбуотӣ бо иштироки Петр Сегрт, Аҳтам Назаров ва Рустам Ятимов

Имрӯз, 9-уми ноябр дар тарабхонаи «Community Dushanbe» субҳонаи матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, капитани тими миллӣ Аҳтам Назаров ва дарвозабони тими миллӣ Рустам Ятимов ширкат доштанд. Давоми ду соат онҳо ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон ва блогерон посух доданд.

Вохӯрӣ дар фазои гарму самимӣ доир гашт. Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт аз намояндагони ВАО ва блогерон даъват кард, ки дар пешорӯи бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тимҳои миллии Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод) мунтахаби кишварро дастгирӣ кунанд.

Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Рустам Ятимов ва Аҳтам Назаров низ интизориҳои худро аз бозиҳои оянда дар чаҳорчӯби марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 баён карда, изҳор доштанд, ки фазои даста хуб аст ва тамоми бозигарон дар майдон барои пирӯзӣ мубориза хоҳанд бурд.

Қобили зикр аст, ки бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гашта, соати 18:00 шуруъ мешавад.

Назари худро бинависед