Дар бозии финалӣ барои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки рӯзи 12 сентябр, соати 16:00 дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, дастаҳои футзали “Соро компания” (Душанбе) ва “Равшан” (Кӯлоб) вомехӯранд.
Бозиҳои ниманиҳоии мусобиқа рӯзи чоршанбеи 9 сентябр баргузор шуданд ва дар онҳо “Соро компания” бар “Муҳоҷир” бо ҳисоби 3 бар 0 ва “Равшан” бар “Истаравшан” бо ҳисоби 8 бар 7 пирӯз шуданд.
Ба ин тартиб дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки рӯзи шанбеи 12 сентябр дар Хуҷанд доир мешавад, дастаҳои “Соро компания” ва “Равшан” қувваозмоӣ мекунанд. Оғози вохӯрӣ соати 16:00
Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал
1/2 финал
«Муҳоҷир» – «Соро компания» – 0:3
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 23 (0:1). Рустам Ҳамидов, 26 (0:2). Муҳаммад Раҷабов, 32 (0:3).
Беҳтарин бозигари дидор: Вахтанг Кекелия («Соро компания»).
«Истаравшан» – «Равшан» – 7:8
Голҳо: Фаридун Расулов, 1 (1:0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 3 (2:0). Шаҳбоз Бобоҷонов, 7 (3:0). Умеди Ҳисайн, 9 (3:1). Умеди Ҳисайн, 9 (3:2). Қадам Абилов, 12 (3:3). Фаридун Расулов, 15 (4:3). Иброҳим Мирзоев, 20 (4:4). Ҷамшед Муродов, 21 (4:5). Фаридун Расулов, 22 (5:5). Идимад Авзалов, 23 (5:6). Парвиз Раупов, 28 – ба дарвозаи дастаи худ (5:7). Ҳусейн Расулов, 29 (6:7). Беҳрӯз Сангинов, 37 (7:7). Умеди Ҳисайн, 38 (7:8).
Беҳтарин бозигари дидор: Умеди Ҳисайн («Равшан»).
Финал
12 сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ соати 16:00
«Соро компания» – «Равшан»
Хуҷанд, Маҷмааи варзишии «Қасри Варзиш»