«Соро компания» ва «Истиқлол» дар ҷадвали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 зинаи аввалро бо ҳам тақсим мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» ва «Истиқлол» дар ҷадвали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 зинаи аввалро бо ҳам тақсим мекунанд

Пас аз се даври бозиҳо дар ҷадвали Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал бошгоҳҳои «Соро компания» ва «Истиқлол»-и Душанбе бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд.

«Соро компания» дар даври сеюм бар «Истаравшан» бо ҳисоби 8:3 пирӯз шуд. Самандар Ризомов муаллифи покер гардид.

Довталаби дигари медали тиллои мусобиқот – «Истиқлол»-и Душанбе ба дарвозаи «Самандар»-и Турсунзода ҳашт голи беҷавоб зад. Бозигари мунтахаби Қирғизистон Арстанбек Турсунов аз ҳайати «Истиқлол» дубл намуд.

Дар вохӯрии дигар дебютанти Суперлига «Амонатбонк» аз «Пойтахт» пурқувваттар баромад – 8:1.

Бозиҳои даври чаҳоруми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал рӯзҳои 29 ва 30 июн баргузор мешаванд.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал

Даври 3

«Истиқлол» – «Самандар» – 8:0

Голҳо: Фирӯз Бекмуродов, 8 (1:0). Раҳмоналӣ Шарифов, 11 (2:0). Комрон Алиев, 13 (3:0). Арстанбек Турсунов, 14 (4:0). Ровшен Оразмуҳаммадов, 16 (5:0). Арстанбек Турсунов, 31 (6:0). Насратшо Исмоилов, 35 (7:0). Рустам Ҳамидов, 37 (8:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Комрон Алиев («Истиқлол»).

24 июн. Душанбе. Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп». 100 тамошобин.

 

«Истаравшан» – «Соро компания» – 3:8

Голҳо: Бурҳон Шодиёров, 2 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 5 (1:1). Муҳаммад Раҷабов, 10 (1:2). Самандар Ризомов, 14 (1:3). Бурҳон Шодиёров, 16 (2:3). Самандар Ризомов, 19 (2:4). Идрис Ёров, 27 (2:5). Самандар Ризомов, 29 (2:6). Файзалӣ Сардоров, 31 (2:7). Мирзорауф Умаров, 36 (3:7). Самандар Ризомов, 37 (3:8).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Самандар Ризомов («Соро компания»).

24 июн. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон». 350 тамошобин.

 

«Амонатбонк» – «Пойтахт» – 8:1

Голҳо: Собирҷон Гуляков, 1 (1:0). Султоншо Мирзоев, 9 (2:0). Собирҷон Гуляков, 12 (3:0). Алишер Шарифов, 14 (4:0). Фаридун Неъматов, 20 (5:0). Муҳаммад Иброҳимов, 29 (6:0). Собирҷон Гуляков, 30 (7:0). Сомон Асалшоев, 34 (7:1). Султоншо Мирзоев, 35 (8:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Собирҷон Гуляков («Амонатбонк»).

25 июн. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. 100 тамошобин.

 

Дар даври 4-ум вомехӯранд:

29 июн (панҷшанбе)

17:00 – «Самандар» – «Соро компания». Турсунзода, маҷмааи варзишии «Самандар»

18:00 – «Пойтахт» – «Истиқлол». Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июн (ҷумъа)

18:00 – «Амонатбонк» – «Истаравшан». Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назари худро бинависед