«Соро компания» ва «Истиқлол» барои медалҳои тиллои Суперлигаи Тоҷикистон-2022 мубориза мебаранд – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» ва «Истиқлол» барои медалҳои тиллои Суперлигаи Тоҷикистон-2022 мубориза мебаранд

Бозиҳои дуюми даври ниманиҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал баргузор шуда, дар натиҷа финалистони мусобиқа муайян шуданд. Футзалбозони «Соро компания» ва «Истиқлол» барои медалҳои тилло мубориза мебаранд.

Дар даври 1/2 ниҳоӣ дастаи «Соро компания»-и пойтахт бар «Сипар»-и Хуҷанд ду маротиба бо ҳисоби якхелаи 5:2 пирӯз шуд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бар «Истаравшан» (11:2 ва 7:6) зафар ёфт.

Акнун дар даври ниҳоӣ дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» ва барои медалҳои биринҷӣ «Сипар» ва «Истаравшан» рақобат мекунанд.

Бар асоси низомномаи Лигаи футзали Тоҷикистон, бозиҳои ниҳоии Суперлигаи кишвар аз силсилаи то се пирӯзии яке аз дастаҳо иборат буда, бозиҳо барои ҷойи сеюм дар формати то ду ғалаба баргузор мешаванд.

 

Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

Ниманиҳоӣ. Бозии дуюм

«Сипар» – «Соро компания» – 2:5

Ҳисоб дар серия – 0:2.

 

«Истаравшан» – «Истиқлол» – 6:7

Ҳисоб дар серия – 0:2.

Назари худро бинависед