Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал рӯзи 7-уми декабр тимҳои шаҳри Душанбе – «Соро компания» ва «Амонатбонк» вомехӯранд.
Имрӯз, 5 декабр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуданд. Қаҳрамони мамлакат тими «Соро компания» бар дастаи «Рахш-Такси» бо ҳисоби 6:2 ғалаба ба даст овард. Дар вохӯрии дигари даври 1/2 ниҳоӣ тими «Амонатбонк» аз «Вавилон» пурқувваттар баромад – 4:1.
Ҳамин тариқ, вохӯрии ниҳоии Ҷоми кишвар рӯзи 7 декабр бо ширкати дастаҳои «Соро компания» ва «Амонатбонк» сурат мегирад. Бозӣ дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, соати 19:30 оғоз мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
1/2 ниҳоӣ
«Соро компания» – «Рахш-Такси» – 6:2
«Вавилон» — «Амонатбонк» – 1:4
Финал
7 декабр (чоршанбе)
Оғоз – соати 19:30
«Соро компания» – «Амонатбонк»
Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон