«Соро компания» – ду карат барандаи Суперҷоми Тоҷикистон! – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» – ду карат барандаи Суперҷоми Тоҷикистон!

«Соро компания»-и Душанбе соли дуюм пайиҳам аст, ки бар «Сипар»-и Хуҷанд (4:2) ғолиб омада, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал мешавад.

Рӯзи 14 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бозии Суперҷом-2022 бо ҳузури 850 тамошобин баргузор шуд. Аз ҳайати тими Душанбе легионери эронӣ Муҳсин Муҳаммадзода дубл кард. Файзалӣ Сардоров ва Идрис Ёров бошанд, як голии дигар заданд. Аз ҳайати бошгоҳи шаҳри Хуҷанд Абдусамад Раҳмонов ба номаш ду голро сабт намуд.

Беҳтарин бозигари вохӯрии Суперҷоми Тоҷикистон-2022 дарвозабони эронии тими «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ гардид, ки ду дабл-пеналтиро баргардонида, дар чанд лаҳзаҳои дигари хатарнок дарвозаашро аз гол эмин дошт.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд) – 4:2

Голҳо: Идрис Ёров, 10 (1:0). Файзалӣ Сардоров, 11 (2:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 18 (3:0). Муҳсин Муҳаммадзода, 28 (4:0). Абдусамад Раҳмонов, 38 (4:1). Абдусамад Раҳмонов, 39 (4:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Маҳдӣ Мустафоӣ («Соро компания»).

Довари марказӣ: Суҳроб Сатторов (Турсунзода).

Нозири доварон: Икром Мамадалиев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

14 май. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. 850 тамошобин.

Назари худро бинависед