«Соро компания» барандаи секаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» барандаи секаратаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид

«Соро компания»-и Душанбе соли сеюм ва пайиҳам барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Ин дафъа шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи медали нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 пирӯзӣ ба даст оварданд.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, 1200 тамошобинро ба ҳам овард. Чӣ тавре ки интизор мерафт, вохӯрӣ шавқовар гузашт ва тамошобинонро то сонияҳои охир дар ташвиш монд.

Голҳоро аз ҳайати «Соро компания» легионерҳои эронӣ Муҳаммад Герованд ва Муҳсин Муҳаммадзода, инчунин Дилшод Саломов ба самар расониданд. Аз ҳайати «Истиқлол» Комрон Алиев ва Насратшо Исмоилов муаллифи гол шуданд.

Беҳтарин дарвозабони бозии Суперҷом дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ дониста шуд. Ҷоизаи «Fair Play» ба бозигари «Истиқлол» Комрон Алиев тақдим гардид. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ ҳимоятгари «Соро компания» Дилшод Саломов эътироф шуд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал

«Соро компания» – «Истиқлол» – 3:2

Голҳо: Комрон Алиев, 13 (0:1). Насратшо Исмоилов, 19 (0:2). Муҳаммад Герованд, 20 (1:2). Муҳсин Муҳаммадзода, 23 (2:2). Дилшод Саломов, 31 (3:2).

«Соро компания» (панҷгонаи аввал): Маҳдӣ Мустафоӣ – Муҳсин Муҳаммадзода, Муҳаммад Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев.

«Истиқлол» (панҷгонаи аввал): Фирӯз Бекмуродов – Раҳмоналӣ Шарифов, Шавкат Ҳалимов, Насратшо Исмоилов, Рустам Ҳамидов.

Огоҳӣ: Дилшод Саломов («Соро компания»), Комрон Алиев, Раҳмоналӣ Шарифов («Истиқлол»).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Дилшод Саломов («Соро компания»).

Довари марказӣ: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Нозири доварон: Холмурод Зардов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдулло Соқиев (Душанбе).

13 май. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1200 тамошобин.

Назари худро бинависед