Собиқадори футболи тоҷик Вазген Манасян аз олам чашм пӯшид – Федерация Футбола Таджикистана

Собиқадори футболи тоҷик Вазген Манасян аз олам чашм пӯшид

Собиқадори футболи тоҷик, ҳамлагари афсонавии дастаи «Помир»-и Душанбе, собиқ мураббии тими миллии Тоҷикистон Вазген Игнатович Манасян дар синни 66 солагӣ даргузашт.

Вазген Манасян аз соли 1980 то 1992 дар тими “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Дар ин муддат вай дар ҳайати бошгоҳи шаҳри Душанбе 425 бозӣ гузаронида, 123 гол задааст. Соли 1986 дар лигаи якуми ИҶШС 27 гол ба самар расонида,  беҳтарин нишонзани мусобиқот эътироф  гардид. Соли 1992 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон як бозӣ намудааст. Вазген Манасян аз соли 2013 то 2015 ёвари сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ баён мекунад.

Назари худро бинависед