Ҳамлагари 21-солаи тими миллии Тоҷикистон ва “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев собиқаи бозикунияшро дар бошгоҳи футболи “Пенанг”-и Суперлигаи Малайзия идома медиҳад.
Худи Шериддин Бобоев тасдиқ кард, ки дар ояндаи наздик ӯ барои бастани шартнома бо ин бошгоҳ ба Малайзия сафар мекунад.
«Соли 2015, вақте ки ман дар ҳайати ҷавонони дастаи “Истиқлол” бозӣ мекардам, орзу доштам, ки ба ҳайати асосии он ворид шавам ва дар ҳамаи мусобиқаҳо ғолиб гардида, тамоми ҷоизаҳои имконпазирро соҳиб гардам. Инак, соли 2021 мерасад ва аз он давра, аллакай, шаш сол сипарӣ шуд. Гумон мекунам, вақти он расидааст, ки аз хонаи худ баромада, даъватҳои навро қабул кунам. Ман мехоҳам ба ҳама, аз президенти клуб Шоҳрух Саидзода шурӯъ карда, то ба ҳамаи мураббиёне, ки ба ман чизеро омӯхтанд, изҳори сипосгузорӣ намоям.
Мехоҳам, махсусан ба Баҳодур Аъзамович Сӯфиев, ки бовар карда маро ба “Истиқлол” даъват намуд, ташаккур гӯям. Инчунин, ба ҳамаи мухлисон, бозигарон, ҳайати хизматрасон ва дар маҷмӯъ ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давра дар паҳлӯи ман буданд, сипосгузорӣ менамоям. Ба ҳамаи шумо саломатӣ, бурдборӣ, пирӯзӣ ва дарёфти ҷоизаҳои зиёдро таманно дорам”, – навиштааст Шериддин Бобоев дар саҳифаи Instagram-и худ.