Шаҳром Самиев бозигари дастаи «Ислоч» шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Шаҳром Самиев бозигари дастаи «Ислоч» шуд

Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Шаҳром Самиев ба бошгоҳи футболи «Ислоч», ки дар чемпионати Беларус бозӣ мекунад, гузариш намуд.

Самиев бошгоҳи «Торпедо-БелАЗ»-ро, ки аз соли 2021 дар ҳайати он бозӣ мекард, бо тими «Ислоч» иваз кард.

Бошгоҳи “Ислоч” баъди марҳилаи якуми чемпионати Белоруссия аз тими БАТЭ танҳо як хол кам дошта, дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад.

Шаҳром Самиев аз соли 2019 дар тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 14 бозӣ анҷом дода, чаҳор гол задааст.

Назари худро бинависед