Шаҳри Душанбе мизбони чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 19 сола мегардад – Федерация Футбола Таджикистана

Шаҳри Душанбе мизбони чемпионати CAFA-2022 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 19 сола мегардад

Аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19 сола баргузор мешавад. Панҷ мунтахаб барои унвони беҳтарин тими минтақа  мубориза мебарад.

Дар чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19 сола мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Дар маҷмуъ дар доираи чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонон (U-19) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 19 сола аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола 

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.

 

Даври 1

5 август (ҷумъа)

18:00 – Ӯзбекистон – Эрон

21:00 – Қирғизистон – Афғонистон

 

Даври 2

6 август (шанбе)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

8 август (душанбе)

18:00 – Эрон Афғонистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН Қирғизистон

 

Даври 4

10 август (чоршанбе)

18:00 – Эрон Қирғизистон

21:00 – Ӯзбекистон ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

12 август (ҷумъа)

18:00 – Афғонистон Ӯзбекистон

21:00 – ТОҶИКИСТОН Эрон

Назари худро бинависед