Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо тими миллии Тоҷикистон, ки дар «Ҷоми Мердека-2024» ширкат дорад, мулоқот кард.
Мулоқот дар меҳмонхонаи «Интерконтинентал»-и Куала-Лумпур баргузор шуд. Зимни вохӯрӣ сафир ҳамаи аъзоёни дастаи Тоҷикистонро самимона пазируфта, онҳоро ба муносибати ҷашни дарпешистода – Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон табрик намуд.
Ардашер Қодирӣ ҳамчунин ба даста дар рақобат барои ҷойи сеюм дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» муқобили дастаи Филиппин, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (13:30 – вақти Душанбе) оғоз мешавад, муваффақият таманно кард.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе ва капитани тими миллӣ Аҳтам Назаров дар навбати худ ба сафир барои истиқболи гарм изҳори сипос намуданд.