Рустам Ятимов: «Дастгирии мухлисон барои мо хеле муҳим аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Рустам Ятимов: «Дастгирии мухлисон барои мо хеле муҳим аст»

Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов интизориҳояшро аз бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо тими Арабистони Саудӣ, ки фардо, 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, иброз дошт.

 

Рустам ЯТИМОВ, дарвозабони тими миллии Тоҷикистон: 

– Пеш аз ҳама, мехостам ба ҳамаи онҳое, ки бинобар кирдори террористии золимонаи ба наздикӣ рух дода зарар диданд, ҳамдардӣ баён кунам. Ба онҳое, ки ҳоло дар бемористон ҳастанд ва муолиҷаи равонӣ мегиранд, саломатии бардавом таманно дорам. Оид ба бозӣ дастаи мо мувофиқи нақша омодагӣ дида истодааст, ҳама бачаҳо дар ҳоли хубанд. Умедворем, ки дар бозии хонагӣ холҳои лозимаро ба даст меорем. Бозӣ бо Арабистони Саудӣ хеле муҳим аст. Бо пирӯзӣ дар ин бозӣ, мо имкони роҳ ёфтан ба даври навбатии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро хеле зиёд мекунем. Ҳама бозигарон мехоҳанд, ки ба марҳилаи баъдӣ бирасанд ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 шаванд. Тамоми мухлисонро барои дастгирӣ даъват менамоям. Мухлисон бозигари 12-уми мо мебошанд. Мо воқеан ба дастгирии мухлисон ниёз дорем. Онҳо моро такони иловагӣ медиҳанд. Ҳамчунин ташаккур ба он мухлисоне, ки дар Арабистони Саудӣ буданд ва моро дастгирӣ карданд, мо онҳоро шунидем ва барои чунин дастгирӣ миннатдорем.

Назари худро бинависед