Рустам Абдуллоев дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) кор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Рустам Абдуллоев дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) кор мекунад

Сардори шуъбаи доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои то 23-сола кор мекунад.

Рустам Абдуллоев ба вазифаи фитнесс-дастурдиҳандаи доварон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 байни мунтахабҳои то 23-сола, ки аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, таъйин шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқоти осиёӣ дар Ӯзбекистон 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам нерӯ месанҷанд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Назари худро бинависед