«Регар-ТадАЗ», КМВА ва «Душанбе» пеш аз муҳлат ба қисми ниҳоии Ҷоми Федератсия-2023 роҳ ёфтанд – Федерация Футбола Таджикистана

«Регар-ТадАЗ», КМВА ва «Душанбе» пеш аз муҳлат ба қисми ниҳоии Ҷоми Федератсия-2023 роҳ ёфтанд

Даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2023 дар минтақаи Душанбе ба анҷом расид. Аз рӯи натоиҷи он се даста – «Регар-ТадАЗ», КМВА ва «Душанбе» пеш аз муҳлат ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд.

Рӯзҳои 1 ва 2 феврал бозиҳои даври сеюми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2023 дар минтақаи Душанбе баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки фонди ҷоизавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз аз ҷом 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ мегирад. Барандагони медалҳои нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва соҳибони медалҳои биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

 

Ҷоми ФФТ-2023

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе

Гурӯҳи «А». Даври 2

«Куктош» – «Истиқлол-2» – 1:0

Гол: Сорбон Ғиёсов, 14.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Абраҳам Одонкор («Куктош»).

 

«Равша»н – «Регар-ТадАЗ» – 0:2

Голҳо: Шерзод Маҳмадиев, 52 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 56 (0:2).

Аз майдон хориҷ карда шуд: Амирҷони Фаррухзод (Равшан), 78 – 2-юм корти зард, Амин Эргашев («Регар-ТадАЗ»), 78 – рафтори дағал.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»).

 

Гурӯҳи «Б». Даври 2

«Барқчӣ» – «Душанбе» – 0:1

Гол: Анӯшервон Наврӯзов, 13.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шамсиддин Қосимов («Душанбе»).

 

КМВА – «Шодмон» – 6:0

Голҳо: Суҳроб Каримов, 7 (1:0). Комрони Мирзонажод, 16 (2:0). Бахтиёр Чориев, 29 (3:0). Асадбек Ҷӯрабекзода, 40 (4:0). Хуршед-Тимур Ҷӯраев, 79 (5:0). Шаҳбоз Ҳабибов, 82 (6:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Суҳроб Каримов (КМВА).

Назари худро бинависед