«Равшан» – «Марв»: ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан» – «Марв»: ҷаласаи пеш аз бозӣ баргузор шуд

21 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ миёни бошгоҳҳои “Равшан” (Тоҷикистон) ва “Марв” (Туркманистон) баргузор мешавад.

Ба ин хотир дар меҳмонхонаи «Атлас» бо иштироки масъулони бозӣ, инчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, бошгоҳҳои футболи «Равшан» ва «Марв» ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои умумии ташкилии бозии дарпешистода баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Дар вохӯрии мазкур  ноибчемпиони Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб бо либоси сафед ва футболбозони “Марв” бо либоси зард ба майдон мебароянд.

Қобили зикр аст, ки бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни бошгоҳҳои “Равшан” ва “Марв” пагоҳ, 21 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад. Нархи чиптаи бозӣ 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Назари худро бинависед